Юсуф Акрамзода, диретори КВД ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» дар нишаст иброз намуд, ки соли гузашта ба 1030 хоҷагии деҳқонии кишвар 1014 адад техника ва 820 адад таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 113 млн сомонӣ ба тариқи иҷораи молиявӣ (лизинг) дода шудааст. Феълан дар 36 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои хизматрасонии техникии корхона фаъолият менамоянд.
Имрӯз дар кишвар беш аз 150 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст, ки барои онҳоро пурра бо техника таъмин кардан зиёда аз 5 млрд сомонӣ маблағ лозим мешавад. Имсол аз буҷети давлатӣ барои пешбурди фаъолияти корхона 14 млн сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Деҳқонони тоҷик бештар техникаи кишоварзии истеҳсоли кишвари Беларусро, ки сифати хуб дошта, нархаш арзонтар аст, харидорӣ менамоянд қисмҳои эҳтиётии онҳо дастрастар ба роҳ монда шудааст. Техникаи кишварзии ширкати муштараки «ТоҷИрон» бошад, бинобар мушкилоти дастрасӣ ба қисмҳои эҳтиётӣ камхаридор аст. Ба онҳо тавсия додаем, ки дар маҳалҳо марказҳои хизматрасонии техникии худро кушоянд.