Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Сахт нагӯӣ, суст наояд. Суҳбати ошкоро бо раиси вилояти Бадахшон Шодихони Ҷамшед

$
0
0

Шодихони Ҷамшед соли 2016-ро дар Бадахшон  соли мубориза бо љинояткорӣэълон кард

- Дар доираи маљлиси љамъбастии сол  дар вилоят соли мубориза бо љинояткорїэълон шудани соли 2016 боиси пазироїва кафкўбии бардавоми аҳли толорќарор гирифт. То кадом андоза ин мавзӯъ дар вилоят муҳим аст?

- Бадахшон сарњади тўлонии 800-километра бо Афѓонистон дорад, ки он ба вазъи вилоят бетаъсир буда наметавонад. Дигар он ки  ҷавонони Хоруғ таҳти таъсири гурӯҳҳое, ки аз соли 1992 бо номи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ пайдо шуда буданд, қарор доранд. Ҳанӯз ҳам ин гурӯҳҳо таъсир, нуфуз ва эътибори худро доранд. Ҳозир то андозае давраи ҳалли ин проблема  расидааст. Мо инро эҳсос карда истодаем ва ҳар рӯз корбарӣ мекунем. Лекин дар як вақти кӯтоҳ решакан кардани он кори  осон нест. Аз тарафи дигар, як қисми насле, ки аз мактаб дур монда буд, ба чунин корҳо даст задаву тафаккури дигарро гирифтанд.

Вале, имрӯз хушахбахтона, раванди умедворкунандаи дигарро мушоҳида мекунем. Сатҳи дониш ва маърифати мардуми Бадахшон сол аз сол беҳтар шуда истодааст. Як муддат қарахтӣ буд ва инро мо эътироф мекунем. Мо аз ин карахтӣ нав баромада истодаем.   Бо бартараф  шудани масъалаҳои иҷтимоӣ оҳиста-оҳиста ин  ҳалли худро меёбад. Фаъолони вилоят сари ин масъала пайваста кор карда истодаанд. Хушбахтона,  нуфуз ва эътибори љинояткорон дар Бадахшон рўз ба рўз поин меравад.

Як масъаларо бароятон равшанӣ меандозам. Интихоботе, ки соли 2015 дар Бадахшон гузашт, нишон дод, ки ин гурӯҳҳо дигар фишор  оварда, ба ҷомеа таъсир расонида наметавонанд.  Номзадҳои онҳо дар интихобот нагузаштанд. Ман даъват кардам, гуфтам, ки марҳамат, интихобот озоду шаффоф мегузарад. Бигзор, ғолиб оед. Аммо мардум ягон нафарашонро интихоб накарданд. Он чӣ ки онњо мекунанд, аз рўйи масали  «Неши ақраб на аз рӯйи кин аст,  муқтазои табиаташ ин аст» мебошад.

Қисми аз ҳама осебпазир, ки мо бояд ҳама рӯз бо он кор кунем, ҷавонон ҳастанд. Яъне, хонандагони синфҳои болоии мактабҳо  ва донишҷӯёни  макотиби олии шаҳри Хоруғ. Мақсади мо ин аст, ки дар шуур ва тафаккури онҳо як чизи навро ҷорӣ кунем. Ин ҷавонон на танҳо нисбати маводи мухаддир, ҳатто ба шароб нафрат мекунанд.

Масъалаи ҷинояткорӣ. Рӯйирост мегӯям, ки дар Бадахшон ќонуният пурра риоя намегардид. Ин чиз ҳоло ҳам љой дорад. Албатта, ин беасос нест. Ҷинояткоре, ки ҷиноят содир мекард, то нуқтаи ниҳоияш намерафт. Ин як тарзи тафаккури ба худ хосро ба миён овард. Албатта, ин ба фаъолияти маќомоти судӣ, прокуратура ва ҳифзи ҳуқуқ иртибот мегирад. Ва ҳамин мардумро ба  андешае оварда расонд, ки Ҳукумат пойдор нест. Шукрона, ки ин чизҳо аз байн рафта истодаанд. Соли 2015 тамоми протсесњои (мурофиањои) судӣ нисбати онҳое, ки ҷиноят содир карданд, то  охир бурда расонида шуданд. Ин барои Бадахшон бисёр чизи муҳим аст.  Умуман, Бадахшон як минтақаи  кӯҳистон ва хусусиятҳои ба худ хосро дорост.

-Бубинед, дар кӯчаҳои шаҳри Хоруғмошинҳои бидуни рақами давлатӣзиёд мегарданд. Чаро? Ин магар таҳқири Ҳукумат ва қонун нест?

- Албатта, ин камбудӣ аст. Аз ҷумҳурӣ ҳам комиссияи махсус омад. Ҳангоми тафтиш маълум мешавад, ки ҳамарӯза 10-20 нафар бе ҳуҷҷати ронандагӣ, дар ҳолати мастӣ, бе иҷозатномаи  оинаҳои сиёҳшиша мегарданд. Албатта, ин ба амнияти махсусан занону духтарон бетаъсир буда наметавонад. Ин ҳолат ҳаст, лекин барои ислоҳи ин камбудӣ як вақт зарур аст. Ман сохторҳои дахлдорро танқид карданӣ нестам, аммо ин бояд кори доимии онҳо бошад. Мардум мехоҳад, ки ҳукумат пойдор бошад, дигар ҳеҷ. Мардум чашми дидани ин гӯрсӯхтаҳоро надорад. Вақте ки мебинед, сохторҳои дахлдор ин масъаларо сахт мегиранд, тартиботро риоя мекунанд, њамин ки аз мадди назарашон дур мемонанд, чунин рафтори худро такрор мекунанд.  Вақти нишон додани мушт фаро расидааст. Дигар ин солҳои пешин нест, ки ҳар кас ҳар чӣ хоҳад кунад.

-Магар ин мушти қавӣ  Ҳукумати вилоят дар симои Шумо раиси он нест?

Тафсилоти бештар дар  ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>