Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Монополия сабаби боло рафтани нархи газ шуд

$
0
0

Дирӯз  нархи газ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории  Душанбе якбора то ба 3  сомонию 30 дирам расид, ки ин нисбати як ҳафта пеш 60 дирам қиматтар аст.  

Аммо нархи бензин то андозае  бетағйир мондааст. Тазодро бубинед, ки  ҳоло арзиши нафт дар ҷаҳон то ба дараҷаи гӯшношунид  паст фаромад. Дар  Тоҷикистон  гӯё паҳлуи дигари тарозу ин ҷо бошад, нарх  баръакс, ба боло меҷиҳад. Парадокс? Бале, вале ин тазод шарҳ мехоҳад. Таҳлилгарон изҳор медоранд, ки мавҷи буҳрони молиявӣ ҳамоно идома дошта, поин рафтани нархи як баррели  нафт аз 28доллар ба 20 доллар аз эҳтимол дур нест. Аммо ин тамоюли поёнравии нархи нафт кай ба Тоҷикистон омада мерасад? Ҳеҷ гоҳ! Чаро? Зеро дар бозори фурӯши сӯзишвории  Тоҷикистон  МОНОПОЛИЯ мавҷуд аст!  Шояд мисли ҳамешагӣ ин нуқтаи назарро  Хадамоти зиддиинҳисорӣ рад мекунад, аммо офтобро бо доман пӯшида намешавад.  

Дар Тоҷикистон ширкатҳои тиҷоратии воридот ва фурӯши бензину газ зиёданд. Аммо ширкатҳои асосие, ки бештар бозори дохилии Тоҷикистонро бо сӯзишворӣ таъмин мекунанд, «Фароз» ва «Газпромнефт»-и Тоҷикистон мебошанд. Бештари  бензин, солярка ва газро ба бозори дохилии кишвар ин ширкатҳо таъмин мекунанд. Имрӯз  ширкатҳои воридоти сӯзишворӣ нархҳои ба дили худ хосро болои маҳсулоти вориднамудаашон мемонанд.

 Инро дар иқтисодиёт шартномаи олигополӣ ҳам меноманд. Яъне маслиҳати байни ширкатҳо  доир ба нигоҳ доштани нархи якхела  дар бозор. Хадамоти зиддиинҳисории  Тоҷикистон, ки онро  Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳз ба хотири аз байн бурдани монополия  таъсис додааст, назоратро аз болои ин  ширкатҳо аз даст додааст. Рақобати носолим дар бозори сӯзишвории  дохилӣ сабаби  он гаштааст, ки бозори сиёҳ дар ҷумҳурӣ ниҳоят рушд мекунад ва ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ ҳар нархе хоҳанд, ба сари мардум бор мекунанд. Магар чунин нест?

Addthis: 
Автор: 
Усмон Раҳимзода

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>