
Показуха, яъне намоишкорие, ки ба хотири назарфиребӣ аз ҷониби гурӯҳи чиновникҳо барои нишон додани қобилияти ташкилотчигию кордониашон дар назди роҳбарони болоӣ истифода мекунанд, солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст. Показухаро бештар ҳангоми ифтитоҳи корхона ё муассисаи наве бо иштироки роҳбарони болоӣ ташкил карда, борҳо аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ намоиш медиҳанд, роҳбарони корхона ё муассиса ваъдаҳои болохонадори муҳайё кардани садҳо ё ҳазорон ҷойҳои нави корӣ медиҳанд, маошҳои хуб муқаррар карданӣ мешаванд.
Аммо моҳе нагузашта ваъдаҳо аз хотирҳо сутурда, дастгоҳҳои аз ким-куҷо овардашуда ва садҳо коргарони саргарми кор ғайб мезананд. Гӯё соҳире ҳамаро муҳайё месозаду дар як лаҳза ба ғайб мебарад ва дар натиҷа боз нақшае ё орзуи наҷибе ҷомаи амал намепӯшад ё дар нимароҳ мемонад.
Тавре ки омӯзиши қолинбофӣ дар шаҳри Душанбе дар оғози роҳ мондааст.
КВД«Гулдастон»
Аслан, иқдоми таъсис додани марказҳои омӯзиши қолинбофӣ, ки аз ҳунарҳои қадимтарини ниёгонамон маҳсуб меёбад, дар вилоят Суғд ба миён омадааст. Соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд фабрикаи истеҳсоли қолинҳои дастибоф ба кор шурӯъ намуд. Дар маросими ифтитоҳи он зимни сафари корӣ Сарвари давлат шахсан иштирок карда, иқдоми соҳибкорони хуҷандиро хуб баҳогузорӣ намуд. Соҳибкорон ба Сарвари давлат гуфтанд, ки бофтани қолинҳои дастӣ ниҳоят заҳматталаб буда, барои бофтани қолини пашмини андозааш 2х4 метр як-якуним моҳ вақт сарф мешавад. Он вақт дар фабрикаи навтаъсис зиёда аз 200 устои қолинбоф ба кор шурӯъ намуда буданд. Дар фабрика инчунин истеҳсоли сарулибоси сӯзанӣ ба роҳ монда шуда буд.
-Ба шарофати чунин фабрикаҳо зиёд аз 35 ҳазор занони вилоят бо кор таъмин карда мешаванд, - боварӣ дошт Сарвари давлат. – Аз инҳо 30 ҳазор нафар метавонанд дар хонаҳошон ба ҳунарҳои дастӣ машғул мешаванд. Таъсиси чунин истеҳсолотро дар тамоми кишвар ба роҳ мондан зарур аст.
Мо бовар дорем, ки соҳибкорони хуҷандӣ ба ваъдаҳои дар назди Сарвари давлат додаашон вафо мекунанд.
Пас аз ин шаҳрдории Душанбе тасмим гирифт, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ корхонаи истеҳсоли қолинҳои дастибофро роҳандозӣ намояд. Баъд маълум шуд, ки устоҳои ҳунарҳои дастӣ, аз ҷумла қолинбофӣ дар маҳаллаи Равшангарони ноҳияи Фирдавсӣ ба сар мебурдаанд.
Баҳори соли 2015 дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ бо қарори раиси шаҳри Душанбе дар ин маҳалла Корхонаи воҳиди давлатии «Гулдастон» таъсис дода шуда, директораш соҳибкор Алидод Гулмирзоев таъин гардид. Роҳбарияти ноҳияи Фидавсӣ ваъда доданд, ки дар корхонаи мазкур метавонанд 200 нафар занону духтарони хонашинро ба ҳунарҳои заргарию косибӣ, либосдӯзӣ ва қолинбофӣ ҷалб намоянд. Ба ин мақсад ба корхона дастгоҳҳои бофандагию дӯзндагиро аз чор тараф ҷамъ оварда, дар бинои сеошёнаи собиқ раиси маҳаллаи Равшангарон, ки дар кӯчаи Рустам Каримов -165, дар пушти собиқ бозори «Ҳайдариён» воқеъст, насб карданд. Чеварону дӯзандагон ва қолинбофонро аз ким-куҷоҳое оварда, паси дастгоҳҳо шинонданд. Албатта, муваққатӣ, барои «показуха». Ба фаъолияти КВД «Гулдастон» Сарвари давлат дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ бахшида, ба ҳама барори кор хост ва заҳмати соҳибкорони маҳаллиро бахусус таъкид намуд. Ин ҳама аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар борҳо намоиш дода шуд. Бинандагон медиданду аз иқдоми созандаи навбатӣ, ки бояд татбиқи васеи худро меёфт, фараҳ гирифта, шукр мегуфтанд. Аммо ним сол нагузашта дар бораи фаъолияти корхона барномаҳои танқидии телевизионии Шабакаи 1-ум намоиш дода шуд. Маълум гардид, ки он дастгоҳҳои бофандагиро рӯзи дигар якто намонда кашонда бурданд. Ба корхона на мебел додаанду на дастгоҳи дигари истеҳсолӣ. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ барои пешрафти кори корхона мусоидат накард.
Иқбол Гулмирзоева, муовини директори КВД «Гулдастон» мегӯяд:
-Имрӯз дар корхона ҳамагӣ 15 нафар ба қолинбофӣ машғуланд, ки аксар шогирдонанд. Аз раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев миннатдорем, ки ба таъсиси корхона хеле мусоидат намуд. Мо барои бинои ҷудокардаашон иҷорапулӣ намесупорем. Фармоишгарро худи раис бароямон пайдо кардааст, ки бо ӯ шартнома бастаем. Баъд дар марҳилаи аввал дар пайдо кардани ришта кумак расонданд, ки барои омӯзиши шогирдон сарф намудем.
Ҳамин ки бо сармоягузор ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад, боз 30 бонуи дигарро ба қор қабул мекунем. Пас аз ин барои 45 бофанда дунафарӣ шогирд гирифта, онҳоро алифбои қолинбофӣ меомӯзонем. Баъди ду-се моҳ сафи қолинбофон ба 135 нафар мерасанд. Занону духтарони тоҷик, ки аз хурдӣ шерозбофӣ мекунанд, қолинбофиро дар муддати 3 моҳ меомӯзанд, пуртоқатанд, эҷодкоранд. Корхона дар нуҳ моҳ 40 адад қолинҳои хушсифат бофтааст. Барои фурӯш 10 адади онро ба фурӯшгоҳҳо супурдаанд.
-Ҳоло мо ба бозори қолинфурӯшон ворид нашудаем. Барои ин муҳлат даркор аст. Шояд бо дастгирии сармоягузорон ба ин муваффақ шавем,- изњори умед мекунад И. Гулмирзоева ва меафзояд: - Мушкилоти дигари мо ба риштаи истеҳсоли ватанӣ таъмин набудан аст. Алҳол риштаҳоро аз Афғонистон қимат харида меорем. Истеҳсоли риштаро аз пашми гӯсфанд, ки дар кишварамон зиёд аст, бояд дар худи корхона ба роҳ монем. Барои ҳунари дастӣ қолинбофӣ вақти зиёд лозим аст. Дастгоҳҳои қайчизанӣ, шустани қолинҳо, хушккунанда хеле заруранд.
Азбаски корхона нав аст, бонкҳо ба мо қарз намедиҳанд, бовар надоранд. То имрӯз ба 300 нафар ҳунарҳои дастӣ, аз ҷумла қолинбофиро ёд додаем. Дар Файзобод 50 шогирд тайёр кардаем, ки метавонанд дар хонаҳошон қолинчаҳо бофанд.
Маркази омӯзиши «Қолинбоф»
Намунаи беҳтарини «показуха»-ро ҳаноми ифтитоҳи маркази омӯзиши «Қолинбоф» дар маҳаллаи 102-юм пойтахт мушоҳида карда, гузориши мусавваре дар рӯзнома ба табъ расонда будам. Он дар барномаҳои «Ахбор»-и шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд. Дар он намояндаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, соҳибкор Мењринисо Бўриева, устои таълимӣ Лайло Гулмирзоева ва даҳҳо шогирдон аз ҳисоби ҷавондухтарони хонашин ва толибаҳои мактаби миёнаи маҳалла иштирок доштанд. Мақсад аз ин «ҷалб намудани бонувони хонашин ба ҳунаромӯзӣ, таъмин намудани онҳо бо ҷойи кори доимӣ, қувват бахшидан ба рақобатпазирии бозори дохилӣ ва коҳиш додани арзиши аслии маҳсулот» буд, ки шаҳрдорӣ раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Синои шаҳрро ба ин муваззаф кардааст.
Дар маросими ифтитоҳ масъулин гуфтанд, ки маркази мазкур бо ибтикори раиси ноњияи Сино Зафар Сафаров таъсис дода шуда, 30 нафар бонувони корљўйро ба ёд гирифтани касби ќолинбофї ва ҳунарҳои дигари косибӣ фаро мегирад. Соњибкор Мењринисо Бўриева, директори бозори «Зарафшон» шикасту рехти як нонвойхонаи солњо бекорхобидаро ба анҷом расонда, барои дастгоњњои бофандагї омода сохт. Мутахассиси КВД «Гулдастон» Лайло Гулмирзоева ба шогирдон бофтани ќолинчањоро меомўзонад. Маълум шуд, ки Л. Гулмирзоева нозукињои ќолинбофиро аз мутахассисони Туркия хуб омўхта, то имрўз беш аз 300 нафар бону аз таљрибаю малакаи ў бархӯрдор гардидаанд. Омўзиши ќолинбофї барои шогирдон аслан ду сол муќаррар шудааст. Онњо ки бофтани ќолинчањоро хуб ёд гирифтанд, ба бофтани ќолинњои андозаашон калон остин бармезананд.
Хостам аз вазъи фаъолияти маркази омӯзишии «Қолинбоф»-и маҳаллаи 102-юм гузорише омода намоям. Аммо Меҳринисо Бӯриева гуфт:
-Омӯзиши қолинбофӣ ҳамагӣ ду моҳ давом кард, зеро мутахассиси КВД «Гулдастон» Лайло Гулмирзоева аз омӯзиши мибаъдаи шогирдон даст кашид. Ба муаллима, ки модари се фарзанд аст, музд дода натавонистем. Қолинчаҳои нимбофт дар 10 дастгоҳ бофандаро интизоранд. Мушкилии дигар ба дарёфти риштаҳо вобаста аст. Ҳоло марказ фаъолият намекунад.
Саволи беҷавоб?
Пас намешавад, ки ҳар иқдомро беҳангома роҳандозӣ намоянд ва истеҳсолотро гардон карда, маҳсулот истеҳсол кунанд, баъд аз шабакаҳои телевизионӣ намоиш диҳанд? Чаро масъулон дидаю дониста ба фиребназарӣ машғул мешаванд? Ҳамин аст, ки имрӯз дар кишвар корхонаю муассисаҳои бузурге кам нестанд, ки намоишкорона ифтитоҳ бахшида шуданду пас аз муҳлате аз кор монданд.
«Тоҷикистон»
Дар аксҳо: дастгоҳҳои бекорхобидаи КВД «Гулдастон»; омӯзиши ин духтарон дар маркази «Қолинбоф» дер давом накард; қолинҳои тайёри «Гулдастон» интизори харидоранд.