Чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, ки 23 феврал бозии аввалинашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 барпо мекунад, якчанд вохӯрии санҷишӣ гузаронд.
«Истиқлол» ду чунин вохӯриро бо дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар шаҳри Қайроққум мусовӣ анҷом дод - 1:1 ва 2:2. Пас аз ин даста ба сафар баромада, бо дастаи «Олмалиқ»-и Тошканд, ки дар ҷадвали чемпионати Ӯзбекистон ҷойи шашумро ишғол кардааст, вохӯрии санҷишӣ гузаронд. Вохӯрии мазкур дар варзишгоҳи академияи «Бунёдкор» бо ҳисоби 1:1 мусовӣ анҷом ёфт. Ҳисобро аввалин шуда, легионери украинии душпнбегиҳо Александр Каблаш дар дақиқаи 18-ум кушод. Дар ибтидои қисми дуюм «Олмалиқ» хисобро баробар кард.
22 январ «Истиқлол» дар Тошканд бозии дигари санҷиширо бо «Нефтчӣ»-и Фарғона, ки дар ҷадвали чемпионати Ӯзбекистон ҷойи панҷумро ишғол кардааст, доир менамояд.