
Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҳуқуқи сафар ба Русия маҳруманд, то 1 январи соли 2016 ба 333 391 нафар расидааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон ба расонаҳои кишвар иттилоъ додааст. Инҳо афродеанд, ки ба далели ихроҷ ё берун кардан имкони бозгашт ба Русияро барои 3-5 сол аз даст додаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аксари тоҷикони аз Русия ихроҷшуда бо чунин қоидавайронкуниҳои хурду реза аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум шудаанд. Душанбе чанд сол боз талош дорад, ки ба афви ин муҳоҷирон ноил шавад, вале ҳанӯз - бенатиҷа.
16 ноболиғ модар шуд.
Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд наздики 20 ҳолати таваллуд кардани духтарони ноболиғро ба қайд гирифт. Муқаддам Ҳошимова, сардори ин ниҳод зимни нишасти хабарии солона дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки тайи соли 2015 дар шимоли кишвар 16 ҳолати таваллуд кардани бонувони ноболиғ ба қайд расидааст. Ба қавли ӯ, бештарин ин ҳолатҳо ба шаҳри Исфара рост меояд. Дар ин шаҳр 4 ҳолат сабт шудааст. Дар Хуҷанд 3, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом 2 ҳолатӣ, Спитамен, Панҷакент ва Куҳистони Мастчоҳ 1 ҳолатӣ мебошад.