
-Саидабону, ҷашни арӯсӣ муборак бошад!
-Раҳмат! Хуб кардед, ки омадед. Қадаматон нури дидаю тоҷи сар!
-Мебинам, ки шумо мисли аксари ситораҳо маросими никоҳатонро пинҳонӣ, танҳо дар ҳалқаи дӯстони наздик ва хешу табор нагузаронда, меҳмонони зиёдеро даъват намудаед…
-Чаро ба шавҳар баромаданамро пинҳон кунам? Шӯйи касеро надуздидаам, ки мабодо занаш фаҳмад, ба сарам меояд гуфта тарсам!
-Домодро модаратонро интихоб карданд ё…
-Мо ҳамдигарро дӯст дошта издивоҷ намудем.
-Моҳи асалро дар куҷо мегузаронед?
-Шавҳарам орзуи Ҳиндустон дорад, ба ман бошад, Дубай писанд аст. Азбаски аз рӯйи таомули тоҷикона мард сарвари оила аст, гумон мекунам, ки гапи домод мешавад. Аслан, муҳим нест, ки моҳи асалро дар куҷо мегузаронем, мо ҳамдигарро дӯст медорем, бо дӯстдошта бошад, биёбон ҳам дар назари кас биҳишт менамояд.
-Хеле каманд ошиқоне, ки ба мурод мерасанд. Аксаран рашк ва ҳамдигарнофаҳмӣ ниҳоли ишқро бармаҳал решакан мекунад. Саидабону, ба шумо чӣ гуна муяссар гашт, ки ишқатонро аз туфони рашки тақдирсӯз эмин доред?
-Ман барои рашк кардан ба қавли русҳо «повод» намедодам. Кўшиш мекардам, ки аз гапи ёрам набароям. Дилашро ҳеҷ гоҳ озор намедодам. Сухани гарм ва муносибати хуб моро бо ҳамдигар қарин гардонд. Ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми дутарафа дар паси сар намудани ҳама шебу фарозҳои пайроҳаи муҳаббат ба мо кӯмак карда, моро ба муроди дил расонд.
-Агар махфӣ набошад, бигӯед, ки бахтатонро аз куҷо ёфтед?
Тафсилоти бештари сухбат дар "Оила"