
Роҳбари муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина"дар нишасти хабарӣ аз қатъи лоиҳаи "Маликаи хушхиром"хабар дода, масъулияти ислоҳи вожаи "Уребча"-ро ба дӯши кумитаи ислоҳоти забон гузошт.
Зевар Давлатова, роҳбари муассисаи "Телвизиони Сафина"дар нишасти хабарии рӯзи 13 январ гуфт, лоиҳаи "Маликаи хушхиром", ки бо ташаббуси ӯ дар "Сафина"пахш мешуд, дар пайи инқоди расонаҳо қатъ шуд. Ӯ гуфт, муаллифи ин лоиҳа зуди вай буда, Орзу Исоев танҳо масъулияти ровигии ин барномаро ба уҳда дошт.
Хонум Давлатова роҷеъ ба фаъолияти Орзу Исоев гуфт, ки минбаъд ӯ ба ҳайси коргардон дар шабакаи мазкур фаъолият мекунад. Қатъи барномаи Орзу Исоев бо номи "Ногуфтаҳо"-ро ба он рабт дод, ки ин лоиҳа ба анҷом расид ва дигар он пахш намешавад.
Роҳбари ин шабакаи фарҳангӣ ба суоли хабарнигорон дар хусуси пахши истилоҳи "Уребча"ба ҷои "Памперс"дар "Сафина"гуфт, ислоҳи ин вожа ба уҳдаи кумитаи ислоҳоти забон аст. Хонум Давлатова гуфт: «Бигзор рекламадиҳанда бо Кумитаи забон ҳамкорӣ кунанду «уребча» -ро ислоҳ намоянд».