
Додситонии кулли Тоҷикистон бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноӣ, ки аз ташкили иттиҳоди ҷиноӣ то бисёрзанагиро дар бар мегирад, алайҳи Саидумар Ҳусайнӣ айб эълон кардааст.
Мақомоти тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки аз моҳи сентябр боз дар боздошт қарор дорад, бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноӣ айб эълон кардааст. Ба навиштаи расонаҳо ду рӯз пеш мақомоти тафтишотӣ ба вакили мудофеи Саидумар Ҳусайнӣ аз поёни раванди тафтишот ва эълони айбнома хабар додаанд.
Расонаҳо менависанд, бар асоси айбномаи Додситонии кулли Тоҷикистон, Саидумар Ҳусайнӣ дар ташкили иттиҳоди ҷиноӣ; иштирок дар ин иттиҳод; барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва маҳалгароӣ; даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон; тахрибкорӣ; тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш муттаҳам мешавад. Ҳусайниро ба одамкушӣ, терроризм, ҷалби одамон барои истисмор ва бисёрзанагӣ айбдор мекунанд.
Дар қонунҳои Тоҷикистон барои ин ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз 15 то 20 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Дар назар аст, дар авоили моҳи оянда парвандаи Саидумар Ҳусайнӣ бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ ирсол шавад.
Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон рӯзҳои 16-17 сентябри соли ҷорӣ Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизби инак мамнӯи наҳзати исломӣ ва 12 узви дигари Шӯрои сиёсии ин ҳизбро ба иттиҳоми тарҳрезии ҳамлаҳо ба чанд иншооти муҳими давлатӣ боздошт карданд. Ин боздошт билофосила баъди саркӯби исёни генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, сурат гирифт.
Мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ ва раҳбаронаш, бо шумули раиси ҳизб Муҳиддин Кабириро, ки дар хориҷ ба сар мебарад, ба даст доштан дар ин ошӯб айбдор карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябр ҳизби наҳзати исломиро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ шомил карда, фаъолияташро дар кишвар расман манъ кард.