Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Бурҳон Раҳмон ровии маъруфи радио ва телевизион даргузашт

$
0
0

Бурҳон Раҳмон ровии маъруфи радио ва телевизиони тоҷик бар асари беморӣ дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт.

 

Бурҳон Раҳмонов аз ҷумлаи ровиёне буд, ки наздики 60-сол дар бахши бурунмарзии радиои Тоҷикистон, ки ҳоло шабакаи "Овози тоҷик"аст, фаъолият кардааст.

Ин ровии маъруф соли 1934 дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар хонаи кӯдакони Ванҷ, Тавилдара ва Ҳисор фаро гирифтааст. Баъд Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ғарам ва Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо хамт кард. Аз соли 1957 то ҳоло дар Радиои Тоҷикистон фаъолият мекард.

Ӯ Аълочии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маросими ҷанозаи ӯ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>